Дар ҷаҳон беш аз 340 миллион нафар аз норасоии ғизо азият мекашанд
Теъдоди афроде, ки дар ҷаҳон ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, ба 340 миллион нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе, 24 август дар Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин рақам аз соли 2019 инҷониб беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба афзоиши он пандемияи COVID-19, низоъҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва тағирёбии иқлим таъсир расонд. Пешгӯи карда мешавад, ки шумораи одамоне, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз гуруснагӣ азият мекашанд, афзоиш меёбад.
Мушкилоти экологӣ низ аз омилҳои манфие ба шумор мераванд, ки ба вазъи озуқаворӣ дар ҷаҳон таъсир мерасонанд.
Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ аз 16 миллион нафари ниёзманд ба кумаки ғизоӣ 13 миллионашро дастгирӣ менамояд. Аммо ин кумак низ нокифоя аст, зеро он танҳо нисфи ниёзҳои ҳаррӯзаи ниёзмандро мепӯшонад. Сабаби он нокифоя будани маблағгузории барнома арзёбӣ мегардад.