Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Пиёдагард» роҳандозӣ намудааст
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябр то 7 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард» мегузаронад. Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатӣ хабар доданд.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур — ин пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон мебошад.
Аз ин хотир Раёсати БДА аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳм гузоранд.