ФУТЗАЛ. Иштирокчиёни даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 муайян шуданд
Дар шаҳри Душанбе марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал ба анҷом расида, иштирокчиёни даври нимфинали мусобиқа муайян гардиданд. Хабар медиҳад бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Бозиҳо дар ин марҳила аз рӯйи системаи гурӯҳӣ гузаронида шуданд.
Дар гурӯҳи «А» Чемпиони Тоҷикистон- «Соро компания»-и Душанбе бар «Вавилон» (16:7), «Пойтахт» (19:2) ва «Осимӣ» (6:2) пирӯзии калон ба даст овард. Дастаи Пайрав Воҳидов бо нуҳ имтиёз дар чаҳоргонаи худ мақоми аввалро касб кард. Як роҳхати дигари даври ниманиҳоиро аз гурӯҳи «А» дастаи «Вавилон» (6 имтиёз) соҳиб шуд.
Дар гурӯҳи «Б» ду даста – «Амонатбонк» ва «Рахш-Такси» пас аз се бозӣ ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд, вале ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо мақоми аввалро «Амонатбонк» касб кард.
7 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешаванд. Соати 18:00 вохӯрии «Соро компания» ва «Рахш-Такси» оғоз мегардад. Дар вохӯрии дигари даври ½-ниҳоӣ, соати 19:30 «Вавилон» ва «Амонатбонк» ба ҳам меоянд.
Бояд гуфт, ки вохӯрии финали Ҷоми кишвар оид ба футзал 9 декабр сурат мегирад.
Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
Даври нимфиналӣ
5 декабр (душанбе)
18:00 – «Соро компания» – «Рахш-Такси»
19:30 – «Вавилон» – «Амонатбонк»