Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Тошканд дар масъалаи тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Латифзода дар Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Ҳотамшо Латифзода иброз дошт, ки «мо дар давраи тағйирёбии иқлим зиндагӣ дорем, ки ба ҳама таъсир мерасонад. Тағйирёбии иқлим- ин таҳдид ва боз суръатбахши ҳамкории ҷаҳонӣ мебошад. Он ба ваҳдати мардум ва ҳамкорӣ дар самти рушди устувори ҷаҳонӣ бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад».
Дар конфронс беш аз 140 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Онҳо зимни суханрониҳо ба фаъол будан дар муколама оид ба таҳдидҳои иқлимӣ, инчунин муттаҳид кардани неруҳо барои ноил шудан ба тавозуни оқилонаи коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он даъват карданд.
Конфронс аз ҷониби Барномаи Рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон (GIZ) ташкил ва гузаронида шуд.
Иҷлосияи аввали умумӣ ба тадбирҳои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд. Иштирокчиён дар бораи сиёсати иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба хатарҳои амниятии марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар намуданд.
Дар нишасти дуюми умумӣ оид ба робитаи «Об-энергетика-озуқаворӣ-тандурустӣ» барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди устувор иштирокчиён доираи чорабиниҳоро оид ба татбиқи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, чораҳои коҳиш додани хатарҳо ва баланд бардоштани устувории иқлим дар истифодаи об ва замин дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Мавзӯи асосии ҷаласаи сеюми умумӣ шарикӣ ва табодули минтақавӣ тавассути ҷалби ҳукуматҳои миллӣ ва ниҳодҳои байниҳукуматии минтақавӣ ва платформаҳо дар минтақа буд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки бо дарназардошти хусусияти хатарҳои иқлимӣ ва захираҳои табиии муштарак амал барои мубориза бо тағйирёбии иқлимро метавон ҳамчун нуқтаи ибтидоии таҳкими ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ кард. Дар солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва ноил шудан ба рушди сабз дар асоси сармояи табиӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо ба ташаббуси таъсиси ҳамкории байнисоҳавӣ оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва устувории иқлим дар идоракунии захираҳои табиӣ пайвастанд ва онро пуштибонӣ намуданд.