«Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар 10 ҷилд ба нашр мерасанд
Натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» то соли 2024 дар 10 ҷилд ҷамъбаст ва дастраси истифодабарандагон мегарданд, иттилоъ доданд дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2092,5 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз зиёд шудааст. Тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, дар соли 2020 аҳолии шаҳр 2536,5 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз, аҳолии деҳот 7120,5 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии мардҳо 4897,9 ҳазор нафар ва занҳо 4759,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.