ДУШАНБЕ: БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКА – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТО СОЛИ НАВ

Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Маконҳои баргузории ярмарка фурӯш бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Қарияи боло» ва назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ярмарка – фурӯш дар пойтахти мамлакат маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, тухм, гӯшти мурғ ва ғайра ба таври нисбатан арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, то аввали моҳи ноябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 9 млн. сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. сар афзоиш ёфтааст.

Саодат Сангинова, сокини пойтахт буда, дар маҳаллаи наздик ба беморхонаи “Қарияи Боло” зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, пештар роҳи дарозро тай карда, ба КВД “Бозори деҳқон” ё маруф ба Гипрозем мерафт, то ки маҳсулоти ниёзи аввалро дастрас кунад. Баъди ташкили ярмарка – фурӯш акнун метавонад ин маҳсулотро аз назди хонааш бо нархи нисбат ба бозорҳо арзон харидорӣ намояд. “Сад шукр, ки чанд рӯз боз хӯроквориро аз ин ярмарка арзон мехарам. Ташаккур ба ташкилкунандагони он. Нархҳо воқеан ҳам аз бозор арзонтаранд. Ҳатто тухмро 1 сомонӣ мехарем. Дирӯз гӯшти мурғ 23 сомонӣ буд, имрӯз напурсидаам” –  мегӯяд ӯ бо қаноатмандӣ

Инчунин, дар ин ярмарка – фурӯшҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзавот, мевагӣ, асал ва дигар намуди маводи хӯрокворӣ бо нархи нисбат ба бозор 30 фоиз арзон пешниҳод гардидаанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE