Тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар дар Гранд Слами Қазоқистон ширкат мекунад.

Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар Остона 16-18 июн бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд:

▫️-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
▫️-60кг – Меҳрзод Суфиев
▫️-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ
▫️-66кг – Обид Ҷебов
▫️-81кг – Шодмон Ризоев
▫️-81кг – Сомон Маҳмадбеков
▫️-90кг – Умедҷон Раҷабов
▫️-100кг – Исроил Раҳимов
▫️+100кг – Темур Раҳимов
▫️+100кг – Шакармамад Мирмамадов

Фонди умумии ҷоизаҳо 150000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE