Дар ДМТ студияи таълимии телевизиони ДМТ ифтитоҳ ёфт
Имрўз, 17 июн дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ Телевизони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Дилбар Исматова ки дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд ба мо иттилоъ доданд. Дар маросими кушодашавии Телевизони таълимӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигарон иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Ҳадаф аз таъсиси Телевизиони таълимӣ баланд бардоштани фаъолияти амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва омода намудани журналистон дар соҳаи телевизион мебошад. Дар студияи мазкур дарсҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир карда мешавад, ки барои малакаи корӣ пайдо намудани донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ ва таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд. Телевизиони таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар оянда фаъолияти телевизиони мазкур ҳамчун базаи моддиву техникӣ барои тамоми устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ хизмат менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда барои беҳтару хубтар гардонидани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар муаррифии Тоҷикистон бо ихтисосҳои гуногун аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни соҳибистеъдод ҷалб гардида, вобаста ба мавзуъҳои рӯзмарра дастоварду пешрафти тамоми соҳаҳоро инъикос менамоянд.