«CAFA NATIONS CUP-2023». Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон бозӣ менамояд

Имрӯз, 17 июн дар Тошканд бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар чаҳоргонаи «А» баргузор мешаванд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо тимҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ намуда буд, имрӯз бо садрнишини гурӯҳи «А» мунтахаби миллии Узбекистон бозӣ менамояд.

Мунтахаби Узбекистон аллакай роҳхати бозии ниҳоии «CAFA Nations Cup-2023»-ро соҳиб аст.

Бозии дастаҳои Узбекистон – Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мешавад.

«CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 3

17 июн (шанбе)

Оғоз – соати 20:30

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE