РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР «БОҒИ ҲАЙВОНОТ» – И ПОЙТАХТ

Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот» – и шаҳри Душанбе имрӯз ба яке аз маконҳои тамошобоб ва дидании меҳмонону сокинон табдил ёфтааст. Ҳамарӯза садҳо нафаронбарои тамошову ароғат ба ин макон меонд.

Дар муассисаи мазкур айни ҳол раванди зимистонгузаронӣ ҷараён дошта, ба гуфти масъулин дар тамоми давраҳои фасли сармо ҳайвонҳо бо захираи хӯрок ва гармӣ таъминанд. Ба иттилои роҳбарияти боғ дар ҳудуди муассиса маҷмӯан 1050 сар ҳайвоноту парранда ва хазандаҳо умр ба сар мебаранд. Қисми зиёди онҳоро паррандагон ташкил медиҳанд, ки шумораашон ба 370 сар мерасад. Ҳамзамон, маймунҳо – 8, ҳайвонҳои ваҳшӣ – 49, парандагони ёбоӣ – 62 сар буда, 568 сарро аквариумҳо ташкил медиҳанд.

Ба таъкиди муовини директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот” – и шаҳри Душанбе Саидхоҷа Сафаров дар муассисаи мазкур шуъбаҳои гуногун, чун шуъбаҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагони хонагӣ, парандагони ваҳшӣ, аквариумҳо ва маймунҳо амал мекунад. Мудири шуъбаи маймунҳо Восифӣ Шоев мегӯяд, ки аз ҳоли ҷонварон ҳамарӯза огоҳ шуда меистанд. «Ҳамарӯза корҳои профилактикӣ гузаронида, аз ҳоли ҳайвонҳо хабардор мегардем»:

Ба иттилои Саидхоҷа Сафаров ба нигоҳубини ҳайвонот ҳамарӯза 36 нафар вобаста гардида, онҳоро бо хӯрок таъмин мекунанду аз аҳволашон хабар мегиранд. Сарошпази муассиса Қурбоналӣ Ҷалилов мегӯяд, ки ҳамарӯза 3 маротиба хӯрокҳои гарми гуногун пухта, ба сари вақт ба ҳайвонҳо медиҳанд. “Барои таъмини онҳо бо хӯрок дар ин мавсим ягон мушкилӣ вуҷуд надорад”, – мегӯяд Қурбоналӣ Ҷалилов.

Ба гуфти масъулин раванди зимистонгузаронӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот” – и шаҳри Душанбе хуб ҷараён дошта, захираи хӯроки ҳайвонҳо пурра таъмин аст ва тибқи нақша то моҳҳои март – апрел басандагӣ мекунад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE