ТАҲДИДИ АМРИКО БА СУРИЯ: ИНТИХОБОТРО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНЕМ, АГАР …

Намояндаи доимии ИМА дар назди СММ Келли Крафт Димишқро таҳдид кардааст, ки агар дар ин кишвар ислоҳоти сиёсӣ ба амал наояд, Амрико интихоботи президентии Сурия дар соли 2021 – ро ғайриқонунӣ медонад. Ба андешаи Крафт ҳукумати Башор Асад кӯшиш дорад кори Кумитаи конститутсионии Сурияро боз дошта, вақторо бурд ва интихоботи тақаллубии президентиро дар соли 2021 ташкил намояд.

Зимни баромадаш дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ Крафт гуфтааст, ки агар Сурия ин чорабинии сиёсиро тибқи қатъномаи 2254 баргузор накунад, он аз ҷониби Амрико ва ҷомеаи ҷаҳони қонунӣ эътироф нахоҳад шуд. Ҳамзамон, ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳукумати Башор Асад иҷозат нахоҳад дод, ки дар сурати набудани ислохоти сиёсӣ ғайриқонунӣ дар интихобот пирӯз гардад.

Фиристодаи Амрико дар СММ, инчунин, аз ҳукумати Сурия даъват кардааст, ки ба раванди фаъолияти Кумитаи конститутсионӣ созгорона машғул шуда, аз эҷоди монеа ба он даст кашад. “Мо ҳукумати Башор Асадро даъват менамоем, тавре фъолият кунад, ки мо итминон ҳосил кунем ҷаласаҳои Кумитаи конститутсионӣ дар моҳи январ қабули конститутсияи нави Сурияро таъмин мекунад”, – гуфт Крафт.

Сафири ИМА дар СММ Келли Крафт дар идомаи суханронии худ гуфтааст, ки ИМА таҳримоти худро ба ҳукумати Башор Асад ва онҳое, ки ӯро ҷонибдорӣ намуда, барои монеъ шудан ба интизориҳои қонунии мардум дар ҳалли сиёсӣ саҳм мегиранд, идома хоҳад дод.

Дар гузашта Дабири кулли СММ оид ба Сурия Саффан де Мистура дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон гуфтугӯи сулҳи Сурияро бо ширкати кишварҳои кафил – Русияву Туркия ва Эрон баргузор кард, ки ташкили Кумитаи конститутсионии Сурия масъалаи меҳварии баҳси ин нишаст ба шумор мерафт. Онҳо ба мувофиқа расида буданд, ки ҷаласаи Кумитаи конситутсионии Сурияро моҳи январи соли оянда баргузор менамоянд. Тибқи нақша ин кумита дар якҷоягӣ бо Стафанде Мистура мебоист лоиҳаи нави Конститутсияи Сурияро тартиб медоданд. Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки санаи 20 декабр ин масъала бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдрас мешаваем, ки солҳои 2011 – 2012 дар Сурия гуруҳи террористии ДОИШ зуҳур кард, ки дар пайи он ин кишвар ба буҳрони сиёсиву амниятӣ ғуттавар гардид. Баъдан, дар соли 2014 ИМА ва иттифоқчиёнаш бо мақсади саркӯб намудани гуруҳ дар Сурия ва Ирок амалиётҳои низомиро роҳандозӣ кардаанд, ки ин кор бе розигии ҳукумати ин давлатҳо ҷараён гирифт. Пас аз ғалабааш дар интихоботи соли 2016 президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дода буд, ки низомиёни кишварашро моҳи декабри соли 2018 аз Сурия берун мебарад, аммо баъдан ин тасмими худро дигар кард ва як қисмати сарбозонаш ба хотири ҳифзи чоҳҳои нафтӣ дар ин кишвар боқӣ монданд.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи сиёсии Сурия ба иттихоботи президентӣ омодагӣ мегиранд, Вашингтон Димишкро ба барҳам задани ин корзори сиёсӣ таҳдид кардааст. Коршиносони ин кишвар гуфтаанд, ки агар ҳукумати Сурия аз рӯи хостаҳои мардум амал накунад, пас натоиҷи интихобот ғайриқонунӣ эътироф хоҳад шуд.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE