26 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд

Шурӯъ аз 26 июл дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси он нишастҳои матбуотӣ 26 июл оғоз мегарданд ва то 15 август идома меёбанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ , имкон доранд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти бештар гиранд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE