ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ. 82 ҷудочии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа ба Тошканд мераванд
27-30 июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 82 ҷудочии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба Ташканд мефиристад.
Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн дар байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон/бойгонӣ