Аз боронҳои шадид ёдгориҳои таърихии Чин зарар мебинад

Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки деворҳо ва муҷассамаҳои қадимаи буддоӣ дар ғорҳо дар қад-қади Роҳи Абрешими Чин дар Дунхуан ва Чжанеи музофоти Гансу зери таҳдид аз боришоти шадиде қарор доранд, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба амал омадааст.Маъбадҳои ғори Дунхуан дар музофоти шимолу ғарбии Гансу ба асри 4 тааллуқ доранд ва дар тӯли беш аз ҳазорсолаҳо ба ҷангҳо, заминларзаҳо, тӯфонҳои чангу ғубор ва харобкорӣ тоб овардаанд. Тибқи гузориши  Гринпис ҳоло тағирёбии обу ҳаво дар биёбон ба наққошиҳои деворӣ ва муҷассамаҳо аз ҷумла дар ғорҳои машҳури Могао ки  яке аз макони мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад, хисороти ҷиддӣ мерасонад. Дар тӯли ду даҳсолаи охир дар Гансу  боронҳои шадид бештар мешавад. Тибқи иттилои мақомтоҳои ин кишвар ҳарорат дар ин вилоят низ аз ҳисоби миёнаи ҳарорати ҷаҳон боло рафтааст. Меъросҳои таърихӣ дар баъзе ғорҳо, аз ҷумла Гроттои Могао, аллакай аломатҳои вайроншавиро нишон доданд.  Баъзе нигоштаҳо метавонанд дар тӯли чанд соли оянда нобуд шаванд.

Ли Чжао ходими калони муҳаққиқи идораи Greenpeace-и Осиёи Шарқӣ дар Пекин гуфт «Мо то ҳол барои ҳуҷҷатгузорӣ, фаҳмидани вазъ ва ҳифз кардани ин қисматҳои таърихӣ кор мекунем. Ин ҳодиса барои мо як воқеияти дардноки таъсири тағирёбии иқлим аст. Майдонҳое, ки мо аз назар гузаронидем, мероси фарҳангии Чинро дар бар мегиранд, ки маблағгузоришуда бо кадрҳои беҳтарин таъминанд. ”.

Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки дар моҳи октябри соли 2021 боронҳои шадид ва обхезӣ дар музофоти шимолии Шансии Чин боиси фурӯпошии маъбади Ҷинӣ ва гулгаштҳои Тянлуншон, ки ҳарду осори миллӣ буданд, оварда расонида буд, ки  дар маҷмӯъ 1783 ёдгориҳои фарҳангӣ осеб дидаанд.

Академияи Дунхуан ба туфайли лоиҳаҳои ҳамкории байналмилалии худ, ки дар солҳои 1960 оғоз карда буд, даҳсолаҳо дар бораи ҳарорат, намӣ ва суръати шамол ҳам дар дохил ва ҳам берун аз ғорҳоро омӯхтааст.

Расмҳои ғорҳои Дунхуан ҳангоми ба 60-65% намӣ расидани атмосфера бо хатари зиёд рӯбарӯ мешаванд, ки кристаллизатсия, ҷудошавӣ ва ҷамъшавии намакро дар рӯи расми девор ба вуҷуд меорад, ки боиси пошхӯрӣ ва ҷудо шудани девор мегардад. Оби борон инчунин ба ғор ҷорӣ мешавад, ки бевосита ба расмҳои ғорҳо таъсир мерасонад. Боришоти шадид инчунин метавонад дар доманакуҳҳо ҷамъ шуда, боиси фурӯ рехтани ғорҳо, ки дар ин минтақа ба амал омадааст, оварда расонад. Муҳақиқони чинӣ дар робита ба ин пешгирии омилҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихиро ба роҳ монда кушиши нигаҳдории ғорҳои таърихиро пеш  гирифтаанд.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE