Сохтмони бинои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома дорад

24 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо​ сохтмони бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.

Сохтмони бинои нави таълимӣ​ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва​ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и донишгоҳ ҷараён дорад. Тибқи лоиҳа бино дорои​ 9 ошёна буда, ки дар умум барои 4 ҳазор нафар донишҷў пешбинӣ​ гардидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар донишгоҳ 8 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ, 356 синфхонаи таълимӣ, 101 лабараторияи таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаи электронӣ, 304 проектор, 1200 компутери фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд мебошад.​

Дар ДДХ фаъолияти таълимӣ дар 18 факултет ва 82 кафедра ба роҳ монда шуда,​ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ 904 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 216 нафар сармуаллим ва 221 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.​

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ беш аз 24500 нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамаи 18 факултети донишгоҳ раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE