Душанбе: Хабари бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мезист асоси воқеӣ надорад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, иттилоъ медиҳад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, дар бораи бартараф намудани он аз ҷониби Мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст, -чунин омадааст дар иттилоияе, ки дар саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нашр шудааст.

Бинобар ин аз истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ хоҳиш карда мешавад, ки вобаста ба чунин хабарҳо бештар расонаҳои расмиро пайгирӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE