Дар Душанбе вобаста ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди сиёсати иҷтимоӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
26 сентябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит зери унвони «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди сиёсати иҷтимоӣ» бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Ректори ин донишкада Нусратулло Зокирзода хабар дод.
Дар кори конференсия муҳаққиқон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Намояндагон аз шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатӣ ва дигар муҳаққиқон сухан гуфтанд.
Масъалаҳои муҳим, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ- дастовард ва падидаи муҳим дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолият- заминаи боэътимод баҳри рушди илму маориф, рушди неруи инсонӣ ва истеъдодҳо самти муҳимми сиёсати иҷтимоӣ, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар баланд гардидани маърифатнокии ҷомеа, зарурати рушди ҳунарҳои зеҳнӣ дар раванди таълим ва дигар мавзуъҳои муҳим дар ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит