Дар шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, даври аввали озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла дар пухту пази якчанд навъ таоми миллӣ аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарфу ашё дар болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.

Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро роҳбарияти шаҳр  ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон дигар иштирокчиён, ки дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» фаъолона иштирок доштанд, бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонуҳо ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ мегузарад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE