ДАР ПАНҶАКЕНТ МУҶАССАМАИ «РАМЗИ КИТОБ» БО БАЛАНДИИ 14 МЕТР БУНЁД МЕШАВАД

Дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд муҷассамаи «Рамзи китоб» бо баландии 14 метр бунёд мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.

«Рамзи Китоб» бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил медиҳад. Он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад. Дар ин сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд.

Дар китоб мисраъҳо аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро, устоди шоирон — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ шудаанд.

Тавре дар лоиҳаи он пешниҳод гардидааст, атрофи «Рамзи китоб» бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро ёфтаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки баъд аз бунёд гардидани ин муҷассама атрофи онро ҳамеша сабзпӯш нигоҳ дорад, зеро он гувоҳи сарсабзию хуррамии Ватани мост.

Инчунин дар атрофи рамз фаввора нишон дода шудааст, ки ифодакунандаи ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва сероб будани Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

Рамзро дар шабонгоҳ чароғҳои рахшон равшан менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент лоиҳаи «Рамзи китоб»-ро бо мақсади такмилдиҳӣ ва эҳтиром ба ҳар фарди истиқоматкунандаи ин макони бузург барои баррасии сокинони шарафманди шаҳри Панҷакент ва дигарон тавассути сомонаи интернетӣ пешниҳод менамояд.

«Рамзи китоб» ба ифтихори баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузошта мешавад, ки тайи ду сол аст бо ташаббуси  маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои ҷомеа баргузор гардидаву ба озмуни миллӣ табдил ёфтааст.

Китоб – манбаи дониш буда, бузургон ва донишмандони гузаштаи мо онро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста, «аниси кунҷи танҳоӣ…,» пиндоштаанд. Китоб дар зиндагӣ ва ҳастии инсон нақши муҳим мебозад ва бе китоб дунёи инсон торику ақл тира аст. Инчунин  ташаббусҳои амалигардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди китобхонаҳо, нашри осори гузаштагон, шароити мусоид барои ҷавонони эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ ҳар сокини мамлакатро нисбат ба хондани китоб бетафовут намегузорад.

Бо бунёд гардидани ин муҷассама ва гиромӣ доштани китоб як гӯшаи Тоҷикистон  зебову дилрабо хоҳад гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE