Дар мавзуи “Буҳрони Афғонистон: дар қаринаи вазъ ва дурнамои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Буҳрони Афғонистон: дар қаринаи вазъ ва дурнамои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илми-таҳлилӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс маҷмуи масъалаҳо ба монанди; омилҳои давомёбии буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ дар Афғонистон, таъсири он ба амнияти Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрам таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт. Дар рафти сухани ифтитоҳӣ, Директори Марказ бо такя ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар манотиқи гуногуни олам, аз ҷумла Афғонистон нигарон аст. Таъкид гардид, ки кишвари мо ҳамеша аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шавад. Чунин равиш дар сиёсати хориҷии мо ба мавқеъгирии аксар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дунё қаробат дорад.

Дар зимн Х.У. Усмонзода изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои конфронс ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ таъсири амиқ хоҳад расонид.

Дар бахши музокира иштирокчиёни ҳамоиш дар робита ба маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд баён карданд.

Конфронсро директори Маркази Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъол изҳори сипос намуд.

Конфронс дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE