Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодаи маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки масъалаи таъсиси иқтидори истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор рафта, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ карда шудаанд. Сохта ва ба истифода додани маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ин ҳуҷҷатҳо саҳм гузорад.
Ба кор даровардани ин корхона муҳим арзёбӣ гардида, дар оянда он талаботи мамлакатро бо маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ дар ҳаҷми муайян таъмин месозад.
Дар ҳолати пурра ба фаъолияти оғоз намудани ҶДММ «Разес Фарма» корхона метавонад талаботи мамлакатро бо намудҳои гуногуни маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмин намояд ва ба коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот таъсир расонад.
Иқдоми пешгирифта ба трансформатсияи гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ, инчунин амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии мамлакат мувофиқ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, вакилони мардумӣ Гулбаҳор Ашурзода ва Абдуҳалим Ғаффорзода муаррифӣ намуданд.