ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Даври шаҳрии Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Дар он аз 348 иштирокчӣ 115 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024 низ баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мешавад. Мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, даврҳои якум ва дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун, ки аз 10 то 25 июн соли 2024 доир гардид, аз 2755 нафар довталаб 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Дар идома ба мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои пойтахт «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Душанбе барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани озмун супорида шуд.

Ҳамзамон аз рӯи номинатсияҳои озмун ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE