Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид

6 сентябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки истиқлол бахти баланди миллати тоҷик аст.

«Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши бузург доранд ва ҳамватанони мо ин хидматҳову талошҳои Роҳбари давлатро ҳаргиз фаромӯш намесозанд», — тазаккур дод ӯ.

Дар идома якчанд корманди фаъол ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE