ЧЕЛСИ БА МУҲРИ ХЕШ БАРМЕГАРДАД

Даври 23-уми рақобатҳои Приймер лигаи Англия дар худ ҳангомаҳои зиёдро ба миён овард. Ҳарчанд барои шогирдони Юрген Клоп дидори муҳим ба шумор мерафт. Аммо дар баробари ин барои Томас Тухел, ки ҳамакнун роҳбарии бошгоҳи Челсиро ба дӯш гирифта масъулияти дигареро пешаша гузошт то бозиҳои дарпешистодаи дастаро бо пирӯзи пушти сар карда Челсиро ба муҳри хеш баргардонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар даври мазкур Челси ба меҳмонии Шеффилд Юнайтед рафт. Рақобати мазкур дар варзишгоҳи Брэмолл Лейни ин шаҳр баргузор гардида ба суди меҳмонон дастаи Челси бо ҳисоби 1 бар 2 хотима ёфт. Ҳисоби дидорро меҳмонон дар дақиқаи 43-ум кушоданд. Мейсон Маунт муаллифи голи дастаи Челси гардид. Соҳибони майдон нимаи дуюми дидорро ба суди хеш оғоз карданду бо голи  Антонио Рюдигер дар дақиқаи 55-ум мувозинати бозӣ баробар гардид. Аммо бо гузораи 3-дақиқа футболбозони мизбон дар ҷаримагоҳи хеш ба қоидавайронкунӣ даст заданд, ки довар ба дарвозаи онҳо пеналтӣ таъин намуд. Ҷорҷинио аз зарбаи пеналтӣ пирӯзии дастаи Челсиро таъмин сохт (1:2).Ҳамакнун пас аз ин пирӯзӣ шогирдони Тухел ба чаҳоргонаи ҷадвал наздик шуда истодаанд.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE