Сироҷиддин Муҳриддин: соли 2020 сафоратхонаи сеюмин кишвари арабӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд

Дар соли 2020 дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Фаластин таҳаввули калони дипломатӣ ба вуқӯъ омад. Дар Душанбе Сафорати Фаластин ифтитоҳ ёфт. Ин иттилоъро имрӯз вазири корҳои хоиҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии нҳодии зери тобеияташ ба хабарнигорон расонд.

Ба иттилои вазири корҳои хориҷӣ, баъди ифтитоҳи сафорат, Сафири Фалсатин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Гуфта мешавад, Фаластин севумин кишвари арабӣ гардид, ки дар Душанбе сафоратхонаи худро кушод.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта, миёни Тоҷикистон ва ду кишвари дигар – Серре – Леоне ва Ҷумҳурии Ангола муносибатҳои дломатӣ барқарор шуданд ва акнун шумораи кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо равобити диппломатӣ дорад, ба 178 расид.

Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабӣ аст, ки соли 2010 дар Тоҷикистон сафорат боз кардааст, аммо сафорати Тоҷикистон дар Ар – Риёз ҳанӯз соли 2008 ифтитоҳ шуда буд. Соли 2012 дуввумин кишвари арабӣ – Қатар дар Тоҷикистон сафорат боз кард.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE