Тоҷиддин Ҷуразода: соли 2020 Кумитаи рушди сайёҳӣ бо 9 мамлакат ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Соли гузашта барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, аз ҷумла таҷдиди инфрасохтор ва баланд бурдани сатҳи хизматрасонӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо созмону ниҳодҳои байналмилалӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ ба андозаи 30 млн. ва аз Бонки Осиёии Рушд ба шумули 10 млн. доллари ИМА ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои “Рушди деҳот ” ва “Рушди сайёҳӣ” ҷалб карда шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиддин Ҷуразода Тоҷиддин хабар дод. Ба иттилои ӯ, тадбиқи ин лоиҳаҳо метавонад оянда дар рушди соҳаи сайёҳӣ таъсиргузор бошад.

Ҳарчанд соли гузашта бо таъсири пандемияи Сovid – 19 туризми ҷаҳонӣ хисороти бузург дида бошад ҳам, лек бахши сайёҳии мамлакат аз ин зарари кам дид. Зеро дар ин давра ба рушди сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ бештар шуд ва аз ин ҳисоб холигӣ пушонда шуд, – гуфт раиси Кумитаи сайёҳӣ.

Бо вуҷуди баста шудани марзҳо ва рафтуо накардани шаҳрвандони хориҷӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо беш аз 9 мамлакат ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Масъулин бовар доранд, ки бо паст шудани шиддати беморӣ робитаҳо қавитар шуда, шаҳрвандони ин кишварҳо аз мавзеъҳои дилфиребу назаррабои мамлакатамон боздид ба амал меоваранд.

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 ҳазору 600 нафар сайёҳон ворид гардиданд, ки ин нисбат ба соли қабл 72, 2% кам мебошад. Иллати ин мушкилиро масъулини бахши сайёҳии мамлакат дар баста будани марзҳо ва маҳдудиятҳо барои сайругашти шаҳрвандон унвон мекунанд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE