Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд

 18 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии мамлакат. 

Сироҷиддин Муҳриддин  иброз намуд, ки таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва хатарҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва  ҳамкории густурда тақозо менамоянд. Бино бар ин, дар суханронӣ зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ барои  ҳифзи сулҳу субот таъкид гардид.

Дар идомаи суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ва мавқеи мамлакатро доир ба ҳалли буҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён намуд.

Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ  ҷомеаи ҷаҳониро барои иштироки фаъолона дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE