Сафирони навтаъини Венгрия, Хорватия ва Италия ба Душанбе омаданд
Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати хориҷиро қабул кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, сафирони фавқулода ва мухтори Венгрия Михай Галошфаи, Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ва Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна нусхаҳои эътимодномаҳои худро супориданд.
Дар мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо ин се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини вазир сафиронро табрик намуда, ба онҳо дар маъмурияти дипломатиашон комёбиҳо таманно намуд.