МИСис: донишҷӯёни шартномавие, ки ду нимсоларо бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, ба гуруҳи буҷҷавӣ мегузаранд

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСис» дар шаҳри Душанбе соли 2012 ифтитоҳ ёфт, ки то имрӯз мутахассисони зиёдеро дар соҳаҳои металлургия, мошинаи ҳисобарор ва информатикаву баҳисобгирӣ омода намуда истодааст. Имрӯз донишҷӯёнаш аз курсҳои аввал дар бозори меҳнат харидори худро доранд.

Дар донишгоҳи номбурда аксарияти донишҷӯён ба тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аммо аз ҷониби роҳбарияти филиали донишгоҳ дар шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ ироа гардид, ки донишҷӯёни лаёқатманд аз мадди назар дур нахоҳад монд. Икром Бобоев, роҳбари шуъбаи методии Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСис» дар шаҳри Душанбе дар ин хусус гуфт, “донишҷӯёнеро, ки тӯли ду нимсола бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, мо метавонем аз гӯруҳи шартномавӣ ба гуруҳи буҷавӣ интиқол диҳем. Инчунин, донишҷӯёнеро, ки болаёқатанд, мо ба инобат гирифта, комиссия ташкил менамоем ва дар натиҷаи суолу ҷавоб онҳоро аз супоридани шартнома озод намоем”.

Икром Бобоев, мегӯяд, ки дар филали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Душанбе дар умум 403 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз миён 117 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо нисбат ба донишҷӯписарон фаъолманд буда, аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон ба истеҳсолот рафта, таҷрибаи хуб гирифта, дар корхонаҳои бонуффузи дохил ҳангоми таҳсил низ фаъолият доранд. “Донишҷӯён таҷрибаомӯзиашонро дар корхонаҳои «Талко»,  коргоҳи мошинсозӣ ва монанди ин, мегузаронанд. Дар ин баробар, мо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав шартнома дорем, ки дар асоси он донишҷӯён дар ин гуна коргоҳҳо бемамониат раванди таҷрибаомӯзиашро гузаронида, дар самти интихобнамудаашон соҳиби малака мегардад”, – мегӯяд ин масъули донишгоҳ.

Раҳимҷон Саидзода, директории Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСис» дар шаҳри Душанбе зимни нишаст бо рӯзноманигорон қайд намуд, ки дипломи ин донишгоҳ на танҳо дар дохили малакат, балки берун аз аз он низ ба кор хоҳад рафт. “Зеро дипломи донишгоҳ аз ҷониби Федератсияи Россия тасдиқ ва ба донишҷӯён тақдим карда мешавад ва баъд аз хатми муассиса донишҷӯёни лаёқатманд метавонанд дар тамоми ҳудуди Россия аз рӯйи ихтисоси худ фаъолият баранд”, – гуфт сарвари доншгоҳи мазкур.

Инчунин, ӯ илова кард, ки дипломи филиали Донишгоҳи “МИСис” намунаи Федератсия Россия буда, дар он худи ректори Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСис»имзову муҳр мегузорад. Тибқи маълумоти охирин, ин донишгоҳ дар феҳристи панҷгонаи беҳтарин донишгоҳҳои Россия ворид шудааст ва бо дипломи он дар тамоми кишварҳои узви ИДМ фаъолият бурдан имкон дорад.

Ба таъкиди масъулин, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСис» дар шаҳри Душанбе дар муддати кӯтоҳи фаъолият ба дастовардҳои зиёду назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, онҳо давоми соли 2020 корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ монда, баҳри таъмиру таҷдиди бинои муассиса корҳои сохтмонии зиёдеро анҷом доданд ва ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар омода намудани мутахассисони соҳаи металургияву информатика талошҳои зиёд доранд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE