Дар Москва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
8 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ба муносибати таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар чорабинӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии Федератсияи Русия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ зимни суханронӣ дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳо соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ кишвар, саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон ба ҳозирин иттилоъ дод.
Бо ёдоварӣ аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории шарикии стратегӣ бо Федератсияи Русия таъкид гардид.
Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Панкин зимни суханронӣ ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвари дӯст табодули назар карданд.
Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.
Ҳамзамон дар чаҳорчӯби баргузории чорабинии мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони миллӣ, меваҳои тару хушк ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, инчунин имкониятҳои сайёҳӣ, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва ашъёи сангину чӯбини миллӣ ташкил карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия