Бонувони волейболбози Кумитаи телевизион ва радио дастаи ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” – ро шикаст дод
Дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар ду қисм бо ҳисобҳои 25:7 ва 25:0 ба дастаи бонувони ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” ғолиб омад.
Мусобиқа 25-уми феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ» – и №5 доир гардид, ки дар он дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати хуб нишон доданд. Дастаи Кумитаро кормандони зерсохторҳои он, бонувони маҳорати хуби варзишидошта намояндагӣ мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи волейбол байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» 40 даста давоми як моҳ байни ҳам рақобат мекунанд. Аз ин шумора 32 дастаи ғайрикасбӣ аз ҳисоби бонувони вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт ва 8 дастаи касбӣ аз ҳисоби бонувони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъ ва шаҳри Душанбе мебошанд.
Воқеан, имрӯз шумораи иштирокдорону хоҳишмандони мусобиқаи волейбол зиёд шуда истодааст ва он бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Модар ва истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат баргузор мегардад.