Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2025 дархост ирсол намуданд. Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Раиси шаҳри Душанбе аз гузаронидани санҷиш таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомот мебошад.

Аз ҷумла, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо санҷад.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE