Дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ 9 кафедраи варзишӣ фаъолият мекунад
Имрӯз дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Нишастро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ оид ба фаъолияти муассиса маълумот пешниҳод кард.
Ба гуфтаи ректор, дар донишгоҳ 9 кафедраи варзишӣ фаъолият мекунад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар муассиса 154 нафар корманд фаъолият дошта, аз ин шумора 89 нафар дар соҳаи варзиш машғули кор мебошанд.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

