Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Шоҳнома ва тамаддуни инсонӣ» баргузор гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Шоҳнома ва тамаддуни инсонӣ» баргузор гардид.  Дар ин бора ҳаморамон Шукрона Насриддинзода иттилоъ медиҳад.

Дар кори конференсия профессорону устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён, инчунин намояндагон аз кишварҳои Покистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун осори мондагори адабиёти ҷаҳон дар тарбияи ахлоқӣ, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муассир дорад. Иштирокдорон доир ба паҳлуҳои гуногуни муҳтавои асар, аз ҷумла масъалаҳои адолат, шуҷоат, хирад ва масъулияти инсон дар ҷомеа андешаҳои илмии худро баён намуданд.

Акс: Радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE