Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Солеҳзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини бехатарии молу маҳсулот, хизматрасониҳои босифат ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, назорати сифати молу маҳсулот ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

