Дар соли ҷорӣ нахустин гурӯҳи мутахассисони ҷавон Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистонро хатм намуданд.

Дар соли ҷорӣ нахустин гурӯҳи мутахассисони ҷавон Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистонро хатм намуданд. Дар ин бора ректори донишкада Зарина Ибодзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, яке аз дастовардҳои муҳими давраи ҳисоботӣ таъсиси Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ мебошад. Дар заминаи марказ барномаҳои таълимӣ аз рӯи 24 самти ординатураи клиникӣ, 3 самти магистратура, 1 самти интернатура ва 5 самти доктори фалсафа (PhD) таҳия ва тасдиқ гардидаанд.Зикр гардид, ки таъсиси ин марказ барои такмили ихтисос ва рушди касбии мутахассисони ҷавон имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе
