Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Укроина рушд мекунанд

Дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко доир гардид. Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишварзӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ ва маорифро баррасӣ намудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия дар соли ҷорӣ дар Душанбе, инчунин масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишвар дар меҳвари мулоқот қарор доштааст.

Зоириён Бахтиёр

САДОИ ДУШАНБЕ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE