ДАР ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ КИНОИ ЭРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД…
ДАР ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ КИНОИ ЭРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД.
Дар доираи III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар шаҳри Душанбе (аз 15 то 20 октябр) Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони соҳаи синамои Тоҷикистон, коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандон, ва намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар иштирок хоҳанд кард.
Дар доираи Рӯзҳои кинои Эрон филмҳои тозатарини синамои муосири ин кишвар намоиш дода шуда, имкони шиносоӣ бо дастовардҳо ва равандҳои нави синамои Эрон фароҳам мегардад.
Ҳамчунин, мулоқоту вохӯриҳои корӣ ва эҷодии синамогарони Тоҷикистону Эрон баргузор гардида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои эҷодиву касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

