Ҳайкалтарошӣ – намуди қадимтарини санъат

Ҳайкалтарошӣ яке аз намудҳои қадимтарини санъат маҳсуб меёбад. Дар тӯли тамоми таърих образҳои одамон ё ҳайвонот дар рӯйи сангҳо, шохҳо, устухонҳо ва ғайра тасвир меёфтанд. Шахсе, ки ба чунин намуди санъат машғул аст, ӯро ҳайкалтарош меноманд.

Навъи маъмули санъати ҳайкалтарошӣ офаридани пайкари инсон ё ҳайвон аст, ки одатан бар пояи ҳайкал қарор мегирад. Муҷассамаҳои хурдеро, ки барои ороиши интеръер истифода мешаванд, ҳайкалча меноманд. Сангҳои балбал, образҳои одамон, ҳайвонот, ашёҳои ҳаёти рӯзгорро аз омехтаи махсус таҳияшуда аз гил месохтанд, метарошиданд, аз санг ва маводи дигар мебуриданд. Ҳамин тариқ, аз ибтидо ҳайкалтарошӣ рушд кард.

Мувофики андешаи мутахассисон ҳайкалтарошӣ ба се намуди асосӣ тақсим мешавад: 1. бузург; 2. Дастгоҳӣ; 3. ҳайкалтарошии шаклҳои хурд. Ҳайкалтарошии бузург тибқи шакл ва андоза тафовут дорад. Асарҳои бузурги ҳайкалтарошӣ дар кӯчаҳо, майдонҳо, дар боғҳо, дар намои берунии хонаҳо ва дар толорҳои азим гузошта мешаванд. Ҳайкале, ки ба яке аз инсонҳои машҳур ё ҳодисаи муҳим бахшида шудааст, асари ҳайкалтарошӣ номида мешавад. Муҷассама ҳайкали азимҷуса буда, ҳодисаи бузургеро инъикос менамояд. Маҳз бо ҳамин хусусият аз намудҳои дигари ҳайкалтарошӣ тафовут дорад.

Тибқи иттилои санъатшиносон ҳайкалхо ҳар гуна мешаванд: бузургҷусса ва хурд. Тафовути ҳайкали бузург дар он аст, ки ӯро дар назди биноҳо, хонаҳо ва осорхонаҳо, инчунин дар боғҳо ва гулгаштҳо мегузоранд. Аммо боз намуди хайкалтарошие мавҷуд аст, ки онро танҳо аз ҷониби пеш метавон дид. Шакли он бо ёрии ҳаҷмҳое сохта мешаванд, ки берун аз ҳамвории манзар – релеф барҷастагӣ дорад.

Имрӯз кӯчаву хиёбон ва боғҳои фарҳангиву фароғатии Душанберо муҷассамаҳои шахсиятҳои барҷастаи кишвар, шоирону нависандагон, қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик ва образҳои гуногун зеб медиҳанд. Ба андешаи равоншиносон, онҳо метавонанд ба тарбияи ахлоқию маънавии шаҳрвандон таъсири мусбат расонанд. Хусусан, дар пешорӯи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нимпайкараҳои аҳли удабо ва уламои классики тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки мувофиқи мақсад арзёбӣ мешавад.

Санъати амалии халқи тоҷик, махсусан риштаи ҳайкалтарошӣ имрӯз низ рисолати азалии худро дар самти бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ ва доштани ниҳоди зебои инсониро дар худ таҷассум мекунад.

 

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE