Имрӯз дар меҳмонхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Душанбе…

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин»баргузор гардид.

Дар озмун бонувон аз ноҳияҳои пойтахт иштирок намуда, маҳорати худро дар самтҳои тарбияи оилавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанги хонаводагӣ, пухтупази миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва одобу муошират ба намоиш гузоштанд.

Зикр гардид, ки ҳадафи баргузории озмун таҳкими институти оила, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби анъанаҳои неки миллӣ, эҳтироми байни наслҳо ва густариши фарҳанги оиладорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамон фаъолияти иштирокчиёнро аз рӯйи шартҳои муқарраргардида арзёбӣ намуда, беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ муайян карданд.

Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст саҳми муассир мегузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE