Бонги хатари СУТ аз афзоиши ногаҳонии коронавирус

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дубора афзоиш ёфтани бемории коронавирусро дар саросари ҷаҳон эълон кард.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, суръати афзоиш 2%, яъне 2,7 миллион ҳолати сироятро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маълумоти ҳафтае пеш зиёдтар аст.

Ҳамзамон афзоиши фавти беморони гирифтори коронавирус 6% коҳиш ёфтааст.Дар миқёси ҷаҳонӣ тақрибан дар нисфи кишварҳо шумораи ҳолатҳои нав коҳиш ёфтааст ва дар нисфи дигар афзоиши он ба қайд гирифта шудааст», — менависад ТАСС бо истинод ба СУТ.

Афзоиши беморӣ бештар дар Африқо, Баҳри Миёназаминии Шарқӣ, ки дар он ҷо афзоиши фавт ба қайд гирифта шудааст ва Аврупо мушоҳида гардидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия, зиёда аз 118 миллион ҳолат ба қайд гирифта шуда, беш аз 93,7 миллион нафар одамон шифо ёфтаанд ва зиёда аз 2,6 миллион беморон фавтидаанд.

Неъмат ДАВЛАТОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE