Душанбе: Фестивали дӯстии ҷавонон оғоз  гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз 16 марти соли равон дар  Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Фестивали мазкур таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯз” роҳандозӣгардида, дар кори он  донишҷӯёни фаъоли тамоми  донишгоҳу донишкада, коллеҷу омӯзшгоҳҳо, ҷавонони фаъол ва варзишгарони риштаҳои гуногуи варзиши шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ изхор дошт, ки рост омадани баргузории фестивали мазкур ба Наврӯзи оламафрӯз  ҳамаи моро руҳбаланд мекунад.

Тавре ки ӯ дар идома гуфт, дастгирии ҷавонони кишвар аз ҷониби Сарвари давлат шуруъ аз солҳои соҳибистиқлолии кишварамон сарчашма мегираду ин анъанаи нек то имрӯз бомаром ва рукнҳои тоза идома дорад. Ҳадафи баргузории фестивали мазкурро масъулин  баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули таҷриба ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт маънидод намуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҷабзода гуфт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи  бузург ва муҳаррики пешбарандаи ҷомеа медонанду дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлатамон дар ин самт бениҳоят бузурганд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Фестивал саёҳат ва боздиди ҷавонон аз Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами давлатӣ, майдони Дӯстӣ, Қалъаи Ҳисор, қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, тамошои намоиши театрии «Қурбониҳои ишқ» дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ба роҳ монда шуда, бо иштироки ҷавонон баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамчун нишони дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат дар назар дошта шудааст.

Ёдовар  мешавем, ки Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт доир гардида то 19 – уми март идома меёбад.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE