Бунёди «Боғшаҳри наврўзӣ» дар Хуҷанд

Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иқдоми шаҳрдории Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад. Ҳоло дар ин макон охирин корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодаанд.

Тавре ки аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, муаллифони ороиш Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев буда, дар ҳудуди «Боғшаҳри наврўзӣ» аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврўзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврўз гузошта мешаванд.

«Боғшаҳри наврўзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат мебошад. Дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр ва ду адад рамзҳои арчамонанди наврўзии 11-метрӣ низ насб карда мешаванд.

Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврўзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2021» гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврўзӣ» хаймаҳои наврўзӣ низ ташкил шуда, дар онҳо асосан туҳфаҳои наврўзӣ ба фурўш гузошта мешаванд.

Ин мавзеъ бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилалӣ ташкил гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE