Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мулоқоти имрӯзаи сатҳи олии ҷонибҳо чун анъана дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни музокироти созанда ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯсту бародар ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар меҳвари муколамаи мо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Афғонистон ва дастёбӣ ба сатҳи нави онҳо қарор доштанд.
Аз ҷумла, ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуда, ҷиҳати пешбурди ин раванд бо истифодаи васеи имкониятҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар алоқамандӣ изҳор гардид.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ба туфайли тадбирҳои андешидашуда тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистону Афғонистон тамоюли мусбат пайдо кард.
Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла пайомадҳои ҳамагирии COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро зиёд кунем.
Дар мавриди роҳу василаҳои пешбурди самарабахши ин раванд нақши муҳимми Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таъкид карда шуд.
Феълан мо дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додаем.
Соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯи татбиқи муштараки лоиҳаҳои афзалиятноки зербиноӣ ва транзитиву нақлиётии дорои аҳаммияти минтақавиро ба таври муфассал муҳокима карданд.
Дар ин замина мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.
Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд.
Дар рафти музокирот рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи энергетика мавриди таваҷҷуҳи хосси тарафайн қарор гирифт.
Дар ин замина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ ва хаттҳои фаромарзии интиқоли он мусоидат карда шавад.
Тоҷикистон ҳамасола содироти нерӯи барқро ба Афғонистон дар ҳаҷми то 1,5 миллиард киловатт/соат (КВТ/С) анҷом медиҳад.
Барои ин мақсадҳо аз ҷониби мо ду хатти интиқоли нерӯи барқ бо тавоноии 500 мегаватт (МВт) аз зеристгоҳи Герани Тоҷикистон то Пули Хумрии Афғонистон сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо омили муҳимми таъмини пешрафту суботи кишварҳои мо ва тамоми минтақа хоҳад шуд.
Зимнан, мо лоиҳаҳои сохтмони хатти баланшиддати (500 Кв) таҳвили нерӯи барқи “Роғун-Пули Хумрӣ” ва Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”-ро ба нақша гирифта, татбиқи онҳоро пайгирӣ дорем.
Ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷиҳати саривақт анҷом додани лоиҳаи “КАСА-1000”, ки намунаи ҳамкориҳои воқеии кишварҳои мо дар ростои ташаккули бозори минтақавии энергетикӣ мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Мо самараи робитаҳоямонро дар соҳаҳои фарҳангию башардӯстӣ, бахусус дар арсаи илму маориф, мусбат арзёбӣ кардем.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 нафар донишҷӯёни афғон таҳсил мекунанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, дар ҳудуди якуним ҳазор нафари дигар, аз он ҷумла бонувон, дар марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кишвари мо бо таҳсил фаро гирифта шуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ба идомаи ин раванд иброз намуданд.
Дар ҳошияи музокироти имрӯза бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба имзо шуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро такмил медиҳад.
Дар ин росто ба имзо расидани Барномаи иқдомоти амалӣ (ё Нақшаи роҳи амалҳо) дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, Созишнома дар хусуси таъсиси Шӯрои кории “Тоҷикистон ва Афғонистон” иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба кишвари мо дар марҳилаи барои мардуми бародари афғон ҳассосу сарнавиштсоз ҷараён дорад.
Ба ин манзур дар музокироти сатҳи олӣ мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсии Афғонистон ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар таъмини бештари амнияти марзҳои муштараки давлатӣ таъкид намуданд.
Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки мушкилоти дар ин самт мавҷударо бартараф намуда, марзи ду кишварро ба арсаи субот, дӯстӣ ва ҳамкории созанда табдил диҳем.
Дар ин замина зарурати тақвияти мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тоҷикистон аз талошҳои ҳукумату мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу суботи комил ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯст истиқбол менамояд.
Ба ин манзур изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истамбул”, ки кори онро субҳи фардо мо бо Ҷалолатмаоб оғоз мебахшем, доираи талошҳои муштараки моро дар ин ҷода васеъ хоҳанд кард.
Мехоҳам таъкидан зикр намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эътимоду эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.
Дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон манфиатҳои зиёди муштарак доранд.
Мазмуну муҳтавои онҳоро, қабл аз ҳама, таъмини суботу амният ба манзури таҳкими заминаи пешрафти ду кишвар ва рушди тамоми минтақа ташкил медиҳад.
Бовар дорем, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба такони тоза хоҳанд бахшид.
Изҳори умед менамоям, ки саъйю талошҳои ҷонибҳо дар татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда самараи дилхоҳ дода, мо шоҳиди таҳкими бештари робитаҳои ду кишвари дӯст хоҳем гардид.
Дар ин ҷо риштаи суханро ба Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ медиҳам.
*****
Ташаккури зиёд, Ҷалолатмаоб.
Бо камоли сипос даъвати Шуморо, бародари гиромӣ, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба сарзамини бостонии Афғонистон пазироӣ менамоям.
Ман ҳатман дар аввалин фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташриф хоҳам овард.