Сарнавишт
Аз субҳи содиқ баробари фарёди хурӯси саҳарӣ Фаридун навасаи бузургии хонадон аз бистари хоби ширин бедор мешаваду чашмонашро молида – молида, ба самти оғилхона меравад. Чун ҳамешагӣ модараш говдӯшиашро итмом овардаву гову гӯсфандонро ба пода роҳӣ мекунад.
Фаридун чӯби горвониашро аз гӯшаи девори пастаки кӯҳна бардошта, чорворо ба сари пода мебарад. Аз он сӯ дар дасташ гули сияҳгӯш бо қабзаи тари сабзаву пӯдинаи роғӣ дар ҳоли самти хона баргаштан ба гӯшаи чашмман наззора мекунад, ки Лола аз сари девори паси аловхонаашон роҳи омадани ӯр мепояд. Дар ин асно, дили Фаридуни наврас, ки дар қалбаш низ ишқи поку беолоиши бачагӣ чун чашмаи кӯҳистон пурҷӯш аст, бештар аз ӯ Лолаи шайдову дилбохта беқарор асту дар баҳорон боз ошиқтар шудааст, ошиқи Фаридун, ошиқи рангорангиҳои аҳди шабоб, ошиқи зебоии фасли рӯъёҳои зиндагӣ, ошиқи баҳор.
Момаи Фаридун холаи Ҳалимамоҳ аз дарди дили навасаи мағзи донааш ба хубиву серӣ огаҳ асту дили беқарори ҷигаргӯшаашро медонад. Бад-ин боис ҳар ғоти рафтани ӯро ба подагоҳ интизор мешавад, то боз насиҳату васияташ бидиҳад, ки ҳоло дар синфи 8-ум таҳсил дораду Лола низ ҳамсоли ӯст. То ба синни булуғ расидан интизорӣ мебояд.
Лола ҳар аз гоҳе ба сад узру баҳонаву хоҳише гоҳҳо дар даст чинии ширу гаҳи дигар бачақи оби буридаву фурсате суманаки ширин ба ҳавли Фаридуншон ҳозир мешавад, ба баҳонаи дидани дидори ӯ, ки гоҳҳо муяссараш мешавад, дами дигар на, чаро ки Фаридун мудом ба маъракаву марсимҳои гӯштиву човандозӣ меравад.
Дар миёнҷойи деҳа хонаи холаи Ҳалимамоҳро ҳама медонанд. Ин субҳ ҳама аҳли хонаводаи онҳоро мағзи хондонашон Муҳаммадҷон беқарор кардаву саросема, ки ба базми наврӯзӣ дер мемонанд. Холаи Ҳалимамоҳ, ҳарчанд ҳолоҳо тобу тавони маъракаороиву ҷашнгардӣ надорад, ба далели маризии мармузаш, вале дар гузашта, чанд соле қабл, ном ба номи ӯ будаву ҳама хони мардум чи ки, базму шукуҳу шаҳомати рӯйи дастурхони наврӯзӣ маҳсули ҳунари ӯ воре зани пурҳунар будааст.
Ҳалимамоҳ Азизова 7 ҷигарбандашро бо меҳнати ҳалолу нони самари обилаҳои дастонаш бузург кардаву ба роҳи мустақили зиндагӣ гусел намудааст. Имрӯз, ки тобу тавони гашту гузор ва пухтани нонҳои ширмолу лолагуну маззадор надорад, аммо шогирдону дастпарваронаш, ки маҳсули заҳмати андсолаи ӯ мебошанд, хони наврӯзии деҳаро бо ҳунарашон оро доданд.
Момаи Лола қариб ҳамдоди кампири Салимамоҳ аст. Холаи Салимамоҳ имсол ба синни мубораки 90-солагӣ расид. Пирони рӯзгорбурда дар қиёми офтоби баҳорӣ поёнтари ноништа болои кати ҳавлӣ нишаста, даме аз рӯзгорони гузашта ёд меоранду суҳбати ширину самимонае меороянд. Дар ҳамин асно низ бидуни машғулият нестанд. Қуроқдӯзӣ аз ҳунарҳои қадимаву писандидаи пиразанҳои рустоӣ бувад. Холаи Салимамоҳ аз аҳди ҷавонӣ ба ҳунарҳои мардӯмӣ дилбохтагиву қаробати амиқ дошту ҳамвора сӯзани сеҳрнокаш зебоӣ меофарид. Ҳини ба шавҳар додани духтаронаш аз сандуқи кӯҳану меросбурдааш даврӣ, чодар, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ё чизи дигаре аз маҳсули дастони муъҷизаофарашро ҳадя мебахшиду таъкиду нома меварзид, ки асло ин ҳунарро аз ёдашон дур накунанду раҳо насозанд. Салимамоҳ ҳарчанд таҳсилдида нест, вале дар таззодҳои рӯзгор, ки таҷриба суфтаву зиндагии тавил гузора карда, дар тарбияи фарзандону навасаҳову ҳавасаҳояш пандҳо гуфтаву эшонро дар роҳи росту ҳақиқату адолату худошиносӣ ҳидоят намудааст.
Дар ин рӯзи фирӯз саҳни ҳавлии холаи Ҳалимамоҳ, нахустфарзанди момаи Салимамоҳ аз гулҳои шукуфтаи боғи зиндагияш ранголуд шуда. Набераҳо дар тан пираҳани чакан ба сад гуна, сурху сафеду сабзу осмонӣ ва норинҷиву ҷигариву арғувонӣ пеши дидаи хушбини бибиашон ба ҷилва омаданду рақсиданд. Навиди навбаҳор бо ҳазорон рангу бор ба сарзамини зархези мо қудум ранҷа кардаву ба дилҳои мардумон фараҳу шодмонӣ ҳадя оварда, ки ҳар оина агар бингарем, дашту даману кӯҳу саҳроҳо сабзпӯш гаштаву дилҳо масрур.
Болотари деҳа дар масофаи анқариб 2 километр базми наврӯзӣ идома дорад. Мардону навҷавонони деҳ ба тамошои чавгону гӯштиву бузкашӣ мераванд. Дар радифи ҳамсолону ҳамтоёнаш Фаридун низ ба маъракаи гӯштигирӣ қасди рафтан дорад. Фаридун аз аҳди кӯдакӣ ба гӯштини миллӣ мароқу муҳаббат дошт ва як-яку гоҳе гоҳе дар маъракаҳои мардумӣ, бавижа ҷашни наврӯзӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ мекарду мақомҳои шоиставу ҳадяҳои пеши чорабиниҳоро моли ҳалоли худ менамуд. Аз баландии кӯҳҳои рустои зебоманзари Ғелот, дар оғӯши рустаниҳои сабзу хуррами баҳор, рӯйи майсаҳои шабнамзадаи талу теппаҳо, Лола бо дугонаҳояш маъракаороиву гӯштигирии Фаридунро бо чашми сар наззора мекарду дар ғояти ифтихору шодмонӣ меболиду шарму ҳаё вуҷудашро пахш карда буд, ки ин эҳсоси зебо аз гунаҳои лоларангаш пайдо буд. Охир, Лолаву Фаридун аз ғоти таваллуд то бад-ин сӯ дар як русто чи ки, дар як кӯча, дар ҳамсоягии ҳамдигар ба воя расиданд. Ҳар пагоҳӣ дасти ба даст ба мактаб мерафтанд, бари бабар менишастанду сари як китобу дафтар буданд. Ишқи онҳо ишқи расидаи сари баҳор нест, шуълаи наврасидаи эҳсоси ҳамими жарфои қалби ошуфтагии ҷавонӣ нест, балки муҳаббати миёни онон поку самимисту аз ҳар ҷиҳат ба ҳам пайвастагиву алоқамандии хоса доранд.
Дар ин рӯзи фирӯзу фархунда бахту толеъ ҳамсафару ҳамтақдири Фаридуни паҳлавонсифат будааст, ки бо ҳалол партофтани ҳарифонаш ба тахтаи пушт, мақоми аввалу қолини пешу хушрангеро сари гардан карду самти хонаашон роҳӣ шуд. Пештар аз Фаридун Лола тариқи роҳи баландӣ ин хабари хушро ба аҳли хонаводаи онҳо расонд. Модари Фаридун – бону Ҷаҳон, ки аз табори хондони тақводору соҳибэҳтироми деҳа аст, рӯзгори гузора кардаи аҳди ҷавонияш шабеҳу шумули даврони ишқварзии Фаридунашу Лола медонаду такрори ишқи худу ҳамсарашро имрӯз бо чашми сар мебинаду мушоҳида мекунад. Ва ба ҳар ҷиҳат ишқу эҳсоси ҷигарбандашро пуштибон асту дастгир, низ ҳамвора дасти дуо мебарад ба даргаҳи Парвардигор, ки онҳо хушбахт бошанду дар ин набарди муҳаббат ғолиб.
Офтобаки хандонрӯи баҳорӣ пагоҳии дигар аз пушти қуллаҳо сар боло кардаву болои сари мардумон нурҳои зарринтобашро арзонӣ мепошад. Дар дасти Лола косаи ғизои гандумӣ дар ҳавлии холаи Ҳалимамоҳ бо чеҳраи пуртабассум ҳозир мешавад. Болои кати чӯбини қадима кампири Салимамоҳ, ки дар дидагонаш ба ҷурми олак шудани пилки чашмонаш айнак ниҳода, бо зираи чашм хиромидани Лоларо мушоҳида карда, сӯйи ӯ чанд фурсате назар андошта, ба хаёлҳо ғуттавар гардида, ғарқи андеша ба аҳди ҷавонияш парвоз мекунаду ёд меорад.
Баҳори соли 1950 буду Салимамоҳи 18 сола субҳи боридани борони намнам болои майсаҳои лаби ҷӯйборон ба қасди чидани гули қоқуву сияҳгӯш ба пуштароғ равона шуд. Поёни деҳа, болои купрукчаи тезоба, ки ҳини омадани подаи деҳа гузаргоҳи бузғолаву баррачаҳо буд, ҷавони қоматбаланди гандумгун бо абрӯвони сияҳу дароз, дар тан ҷомаи беқасаму миёнбанди зардӯзӣ омадани Салимамоҳро мушоҳида мекард. Духтараки шармоғӯшта бо пираҳани гулбасту рӯймоли холдор ва мӯйҳои бофтаи чил қатор аз ғояти ҳаё мисли сайди тарсида роҳ мерафту мехост зуд аз назари мардумон нопадид шавад. Вале, аз куҷо медонист, ки шуълаи фурӯзоне чун оташи гӯдозанда дар сурати ишқ нохоставу худноогаҳ вуҷудашро ба якбора пахш мекунаду қалбаш моилу мафтуни ун ҷавони хушсурату болоқомати шабеҳи шоҳзода мегардад. Охир, ин эҳсос хосту хоҳиши дил асту бас. Салимамоҳи акнун булуғкардаву ба доди шабоб расидаро аз куҷо хабару огаҳӣ ҳаст, ки ишқ чун тири раҳохӯрда ба синааш чун теғи бурранда то таҳи эҳсос кора мекунад. Ӯ ба шумули моҳи шаби чаҳордаҳ яке пеши дидаи ҷавон, ки аз гузари боло буду Раҳмоналӣ ном дошт, дурахшиду нопадид гашт.
Бегоҳии рӯзи дигар Салимамоҳи хоса ба сари чашмаи боло барои оби ширин рафта буд. Кӯзаашро аз оби ширин пур карду сари шонаҳош бардошт, вале ёрову тавони бардоштани онро накард. Раҳмоналии шайдову дилбохта ин ҳолатро аз пушти дарахти зардолуи зарди расида ба мушоҳида доду ҳамоно пеши Салимамоҳ давида кӯзаи обашро бардошту бо ҷуръати тамом эҳсосашро саркӯб карду ба суҳбат пардохт. Салимамоҳ, ки ҳамчун ҳолатҳоро дар ҳаёти 18 солааш акнун дид, сару калоба гум карду дасту пояш, балки тамоми баданаш ба ларза даромад, ки мабодо мардумон набинанду гапу калоча набофанд. Аммо, дилу нияти Раҳмоналӣ чун оина софу пок буду мақсаду маром ҳамсариву ҳамсафариву ҳамтақдирӣ бо Салимамоҳи моҳи даврон.
То дарвозаи духтар чанд фосила роҳ буду суҳбати онҳо оғоз наёфта, анҷом пазируфт. Ҷавон хулоса ҳосил кард, ки корро бояд ба шеваи дигар сомон бахшид. Бо гузораи расо ҳафтае аҳли ақрабову хонаводаи Раҳмоналӣ ба исрори фарзанди дилбандашон дастурхону иззату икром бағал карданду пушти дарвозаи хонаи бобои Абдураҳмон ҳозиру нозир шуданд. Қудуми эшонро хонаводаи Салимамоҳ низ бо муҳаббати садоқати бепоён пазироӣ карданду нури дида хонданд. Сари хони маслиҳату машварат ҷомаи маъалаи мазкур дӯзонданду бо ризогии тарафайн тӯйи онҳо, яъне Салимамоҳу Раҳмоналиро то фарҷоми баҳори соли 1950 таъин карданд. Самари издивоҷу муҳаббати пойдори эшон 7 ҷигарбанд будааст, ки нахуст гули хонадонашон Ҳалимамоҳ аст, ки қисса низ аз номи ӯ оғоз шуд.
Раҳмоналӣ аз дудаи ҷавонмардони ҷасуру ғайратманди садаи авоили асри 20-ум ба шумор мерафту ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Баъди поён ёфтани ҷанги ватанхоҳӣ Раҳмоналӣ ба зодбуми падарияш баргашта солору сарбаланд Салимамоҳро ҳамсар интихоб мекунад. Ин ҳамаро дар як нафас Салимамоҳи 90-сола аз пеши назар гузаронду беихтиёр аз чашмонаш донаҳои ашк чун донаҳои марҷон ба гунаҳояш рехтанд. Айнакашро аз дидагонаш гирфту бо дастони ларзону ожангдамидааш мижгонҳои намашро пок карду чанд нафас бо ҳавас ба саропои Лолаи хушсурат деру дароз нигаристу дар лабонаш лабханд пайдо шуд. Бӯйи баҳор бар машомаш расид, бастаи сияҳгӯши аз пушта овардаи навасаи духтараш Фаридунро ба абрӯвонаш волиду шукр аз баҳор гуфт. Нафасе пас садои ҷашми наврӯзи баланд шуду фазои деҳаро ҳукмрон шуд. Ҳама ба наврӯзгоҳ шитофтанд.
Лутфуллои АЗИЗ,
“Садои Душанбе”