Пешвои миллат Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд

15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем.

Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.

Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон — сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карда шуд.

Вобаста ба паёмадҳои короновирус пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаи худро ба коҳиш додани пайомадҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, кӯмакҳои амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия дар навбати худ талошҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созмон, ҳамчунин нақши пешсафии кишвари моро дар пешбурди масъалаҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ҷонибдории худро аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2025-ро ҳамчун “Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардан, иброз дошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE