“Аждаҳои хуфта” – и Тоҷикистон

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои ин кӯл 62 км, паҳнояш 3,3 км ва чуқуриаш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри муккааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ ҷорӣ мешаванд.

Ин кӯл 18 феврали соли 1911 соати 11:15 дақиқаи шаб бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб пайдо шудааст. Дар пайи ин зилзила деҳаи Усой дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф ёфтанд. Бар асари ин зилзила 105 тан оламро падруд гуфтанд.

Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд, ки расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербурги Россия низ ин зилзиларо эҳсос кардааст. Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондани рустои Сарез ва боз се деҳи дигар низ дар назар буд. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд.

Дар ҷои афтидаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳаи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд. Аз ин фоҷиа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав шуруъ карданд.

Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар он замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.

Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофидон ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлимӣ на танҳо ба кӯҳистони Помир, балки ба тамоми Осиёи Марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони «аждаҳои хуфта» ёд мешавад. Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахна гаштани садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд. Инчунин, эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 миллион одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад. Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф марбут медонанд.

Оби кӯли Сарез софу ширин буда, бузургтарин захираи оби ошомиданӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин сарвати бебаҳои табиӣ, ин моли дар ояндаи наздик камёфти серхаридор барои иқтисоди ояндаи Тоҷикистон захираи бузург буда, ниёзи миллионҳо танро дар минтақа ба оби нўшокӣ бароварда хоҳад кард.

Таҳияи Султон КАРИМЗОДА,

коромӯзи “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE