Ҷаласаи Шӯрои доимии СААД баргузор шуд

Таҳти раёсати Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Султонов ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 7 июл дар шакли конфронси видеоӣ бо иштироки Дабири кулли СААД Станислав Зас баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Созмон хабар додааст.

Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД Ҳасан Султонов ба аъзои Шӯрои доимии Созмон дар бораи вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон маълумот дод. Ҳасан Султонов зикр кард, ки дар давоми ду ҳафтаи охир тақрибан 1500 нафар хизматчиёни ҳарбии неруҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон убур намудаанд. “Дар робита ба вазъи мушкил дар минтақаи марз бо Афғонистон, 5 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Сарвари давлат ба аъзои Шӯрои Амният, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва миллат дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд”, — гуфт ӯ.

Супориш дода шуд, ки ба минтақаҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон неруҳои иловагӣ фиристода шаванд. Сарвари давлат инчунин дастур доданд, ки ба кори пешгирии вайронкорӣ дар сарҳади давлатӣ, ба шумули пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои таҳкими минбаъдаи марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон 20 ҳазор хизматчии ҳарбии дар эҳтиёт бударо сафарбар кунад.

«Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини субот дар марз ва муқовимат ба таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз ин кишвар сар мезананд, меандешад. Аммо, бо дарназардошти вазъи дар минтақа бавуҷудомада, инчунин дар мавзеъҳои душворгузари кӯҳӣ воқеъ будани қитъаҳои алоҳидаи марз бо Афғонистон, ба танҳоӣ дар иҷрои ин вазифа ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад шуд. Шароити бавуқӯъомада аз мо вокуниши муносибро дар доираи СААД, ба шумули андешидани чораҳо ҷиҳати тақвияти иқтидор дар самти ҳифзи марзҳои ҷанубӣ тақозо мекунад», —  афзуд  ӯ.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE