Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон ду бозии дӯстона барпо мекунад

Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ба соли оянда гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев   бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон  ду дидори дӯстона доир менамояд.Ин   бозиҳои рафиқона   21  ва 24 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти   Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ин пеш  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон ду  бозии  рафиқона доир намуда буд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт.  Дар ин бозии ҷолиб голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯз гардиданд.

Бозиҳои дӯстона

21 сентябр (душанбе)

Оғози бози соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ӯзбекистон (U-16)

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

 24 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бози соати 16:00

Тоҷикистон  (U-16) – Ӯзбекистон (U-16)

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE