Давлатзода маблағи умумии ҷарима барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзимро эълон кард
Дар шаш моҳи соли равон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ин теъдод 9 адад қатъ карда шуда, вобаста ба 349 ҳолати боқимонда қарори дахлдор бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолат кам мебошад. Маблағи умумии ҷарима 1 млн 388 ҳазору 279 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 764 ҳазору 528 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 13 412 адад санҷиш гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки 4090 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то имрӯз 3916 нафар донишҷӯ ба Ватан баргардонида ва 65 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, айни ҳол 83 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Барои ба Ватан баргардонидани онҳо корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ идома доранд.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайрирасмӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4059 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.